ХОҲИШМАНДОНИ ХИЗМАТИ ВАТАН БЕШУМОРАНД

Октябрь 9, 2009 10:25

                    Бадахшон, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Сафарбаркунии тирамоҳии ҷавонон ба Артиши миллӣ дар саросари Ҷумҳурӣ, аз ҷумла ВМКБ идома дорад. Тавре сардори шӯъбаи 2-юми комиссариати ҳарбии вилоят майор Раҳмихудо Ширинов иттилоъ дод, дар вилоят ин маърака чунон босуръат идома дорад, ки аллакай 3 ноҳия; рӯзи 1-уми моҳи октябр ноҳияи Рӯшон, рӯзи 2-юм навоҳии Шуғнону Мурғоб ва рӯзи 3-юм ноҳияи Ишкошим нақшаро иҷро карданд. Баъди 2-3 рӯз шаҳру навоҳии дигари вилоят низ аз иҷрои нақша, мужда медиҳанд. Мӯҳлати даъват 2 моҳ идома ёбад, ҳам дар вилоят рӯзҳои 12-13-уми моҳи октябр нақшаи даъвати тирамоҳӣ комилан иҷро мешаванд. Имрӯз ҷавонони Бадахшон худашон бе даъватнома ба комиссариати ҳарбӣ омада хоҳиш мекунанд, ки онҳоро барои хизмат ба ҷузъу томҳои Артиши миллӣ сафарбар намоянд.

Октябрь 9, 2009 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд