ХОҶАГИИ ОБ АЗ МУЗДИ МЕҲНАТ ҚАРЗДОР НЕСТ

Октябрь 29, 2009 09:02

                   Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба маълумоти Раёсати хоҷагии оби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар нӯҳмоҳаи соли 2009 тибқи сметаи хароҷот баҳри амалисозии корҳои обёрикунӣ 331, 2 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд, ки аз он ба маблағи 294, 8 ҳазор сомонӣ корҳо анҷом дода шуданд.                Оид ба ҳисобӣ намудани маоши коргарон бояд изҳор дошт, ки то 1 –уми октябри соли ҷорӣ Раёсати хоҷагии оби вилоят аз музди меҳнат қарздор нест. Музди меҳнати миёнаи коргарон дар моҳи сентябри соли ҷорӣ 304 сомониро ташкил дод.                Тамоми намуди андозҳо ва фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 354 ҳазор сомонӣ ҳисобӣ шуда, ба буҷет равона карда шудааст.                 Қарздорӣ аз ҳисоби андозҳо ва фонди фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вуҷуд надорад,- иброз дошт сардори Раёсати хоҷагии оби вилоят Баҳодур Сулаймонов ба мухбири АМИТ «Ховар».

Октябрь 29, 2009 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд