ИҶРОИ БАРНОМАИ БАРҚАРОРСОЗИИ СИСТЕМАИ ИРРИГАТСИОНӢ

Октябрь 21, 2009 09:41

                Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби ВМКБ Баҳодур Сулаймонов, дар ноҳияи Рӯшон тибқи барномаи «Маркази идоракунии лоиҳаи барқарорсозии системаи ирригатсионӣ» 700,2 ҳазор доллари амрикоӣ ё худ 2 млн. 297 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Аз маблағи ҷудогардида, дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ ба миқдори 917,1 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардид.                Аз ҳисоби маблағҳои мутамарказонидашуда бошад, 350 ҳазор сомонӣ дар иншооти «Обёрӣ намудани заминҳои нави хоҷагиҳои деҳқонии Барӯшон ва Дерӯшон» истифода карда шуд.               То моҳи октябри соли ҷорӣ дар мавзеи Дерӯшон ва Барӯшон ба маблағи 146,4 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардид.               Дар мавзеи Барзуд бошад, обёрӣ намудани 20 га замини нав то таҷлили «Рӯзи Ваҳдати Миллӣ» -и соли 2010 ба нақша гирифта шудааст.

Октябрь 21, 2009 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд