ИҶРОИ ЛОИҲАҲОИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР НОҲИЯИ МӮЪМИНОБОД
Мӯъминобод, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Мӯъминобод яке аз ноҳияҳое мебошад, ки барномаи давлатии амалиёти об барои ҳайёт солҳои 2005-2015 дар он ҷо дар амал татбиқ карда мешавад. Маврид ба ёдоварист, ки дар ноҳия ҳамкории мутақобилан судманди мақомоти иҷроияи давлатӣ бо ташкилоти байналхалқӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, то имрӯз аксари сокинони ноҳия бо оби ошомиданӣ таъмин гардидаанд. Акнун ҳукумати ноҳия бо маблағгузории ташкилоти КАРИТАС-и Швейтсария зери як лоиҳа сокинони деҳаи Ханатароши ҷамоати деҳоти деҳбаландро бо оби ошомиданӣ таъмин намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳукумати ноҳия бо ташкилоти мазкур дар асоси 28 лоиҳа аҳолии деҳаҳои ноҳияро бо оби нӯшокӣ таъмин намудааст, "иншооти мазкур аз иншооти қаблӣ ба куллӣ фарқ мекунад", -гуфт зимни сӯҳбат роҳбари ташкилоти KARITAS-и Швейтсария дар ноҳияи Мӯъминобод Алихон Наимов ва илова намуд, ки фарқияти дигари лоиҳа дар он аст, ки дар нуқтаи тақсимоти об тибқи ҳисобкунакҳо дода мешавад. Бо ин тадбир танзими об ба роҳ монда шуда, истифодабариии он саривақт пардохт мегардад. Дигар сокинони деҳа дар расми ифтитоҳи иншооти обтаъминкунӣ иштирок ва суханронӣ намуда, миннатдории худро ба ҳокимияти маҳаллӣ ва маблағгузорон баён намуданд. Ба гуфти масъулин ин лоиҳаи таҷрибавӣ буда, он дар оянда дар ҳамаи иншооти обтаъминкунии ноҳия амалӣ гардонида мешавад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






