ИДОРА ВА МУАССИСАҲОИ ПОЙТАХТ ТО ЧӢ АНДОЗА БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД?
Душанбе, 21 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи анҷоми корҳои омодагии сохторҳои хизматрасонии муҳандисӣ, фарҳангу тандурустӣ, маориф ва фонди манзил ба фасли зимистон дар ҷаласае, ки таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Вобаста ба ин масъалаи омодагии фонди манзили давлатию хусусӣ роҳбарони Маркази барқу гармиистеҳсолкунӣ, Шабакаҳои гармидиҳии пойтахт, муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр», ҶСШК «Душанбегаз» шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе, КВД «Обу корези Душанбе» ва раисони ноҳияҳо гузориш доданд. Раиси шаҳр бо хулоса аз натиҷаи гузоришҳо дастур дод, ки то 1 ноябри соли равон Комиссияи марбутаи шаҳрӣ воқеияти корҳои анҷомёфтаро мавриди санҷиш қарор диҳанд. Инчунин, аз прокуратураи шаҳр хоҳиш ба амал оварда шуд, ки бо анҷоми мӯҳлати мазкур фаъолияти ҳар корхонаро барои омодагӣ ба фасли зимистон ва иҷрои вазифаҳои таъинотию ҳолати ҷамъоварии маблағи хизматрасониҳо санҷиш гузаронад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






