ИМОМИ АЪЗАМ ВА ҶАҲОНИ ИМРӮЗА

Октябрь 5, 2009 11:52

                Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Субҳи имрӯз дар Кохи Борбад дар мавзӯи « Имоми Аъзам ва ҷаҳони имрӯза» симпозиуми байналхалқӣ кушода шуд. Дар он 500 нафар намояндаи 50 мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон, ИМА, Миср, Туркия, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб ва ғайра иштирок доранд.                  Симпозиумро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кушода, иштирокчиён ва меҳмонони онро хайра мақдам гуфт:                  «Ман имрӯз ҳамаи Шуморо ба конфронси байналхалқии илмию амалӣ бахшида ба ҳаёту эҷодиёти алломаи бузург, фақеҳи барҷаста ва файласуфи бузурги соҳаи дин Имоми Аъзам хайра мақдам мегӯям. Дар симпозиум олимони машҳур, муҳаққиқон ва арбобони сиёсии бисёр мамлакатҳои ҷаҳон иштирок доранд. Ин ҷо сухан дар бораи ҳаёту эҷодиёт ва рӯзгори яке аз намояндагони бузурги ҷаҳони ислом Имоми Аъзам ва таҳқиқоти ӯ дар соҳаҳои илму фарҳанг ва дину сиёсат хоҳад рафт. Ман ба ташкилкунандагон ва иштирокчиёни ин ҷамъомади бузурги байналхалқӣ ба шарафи 1310 – солагии бунёдгузори мазҳаби сабру таҳаммул дар ҷараёни суннизм Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит барору комёбӣ орзу карда, меҳмонони мӯҳтарамро ба пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — шаҳри Душанбе «хуш омадед!» мегӯям, зикр кард Сардори давлати Тоҷикистон.               Баъди суханронии Президенти Тоҷикистон дар симпозиум олимони машҳур ва арбобони соҳаи сиёсат аз Афғонистон, Русия, Миср, Покистон ва мамлакатҳои дигар сухан хоҳанд кард.                Дар фарҷоми ҷамъомад бо иштироки устодони санъати Тоҷикистон консерти калони идона намоиш дода мешавад.

Октябрь 5, 2009 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид