ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒҲО 47 ФОИЗ КАМ ШУД
Душанбе, 15 октябр.(АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Тавре дар нишасти матбуотӣ бахшида ба фаъолияти нӯҳмоҳаи Кумитаи давлатии омор қайд карда шуд, дар давраи ҳисоботӣ интиқоли маблағҳо ба воситаи бонкҳои тиҷоратӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон як миллиарду 303 миллион долларро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 47 фоиз кам мебошад. Соли 2008 аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ду миллиарду 750 миллион доллари ИМА ба Тоҷикистон интиқол дода шуда буд. Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Хадамоти муҳоҷирати ВКД — и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, 590 ҳазорро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ аз тарафи роҳбарияти Кумитаи давлатии омор қайд карда шуд, ки содироти мол дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 712,7 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 436,8 миллион доллари ИМА кам аст. Ҳаҷми умумии содироти ашёми хоми пахта 54,5 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 29,7 фоиз кам мебошад. Нархи миёнаи ашёи хоми пахта ба андозаи 289 доллари ИМА кам шуд ва ба ҳисоби умумӣ нархи як тонна пахта 1057 доллар ташкил кард. Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки нархи алюминий 1800 доллари ИМА барои як тонна муайян ва ҳаҷми фурӯши он ба хориҷа 43 ҳазор тонна кам шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






