ИСЛОҲОТИ ИҚТИСОДӢ ДАР КИШВАР САМАРАБАХШ АСТ

Октябрь 21, 2009 09:58

                Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Татбиқи самарабахши ислоҳоти иқтисодии Ҳукумати ҶТ, кӯшишу талошҳои пайвастаи Президенти кишвар оид ба рушди устувори иқтисодиёт, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, тақвияти нерӯи иқтисодии мамлакат ва созандагию бунёдкорӣ имконият доданд, ки дар ноҳияи Ҳисор натиҷаҳои назарраси иқтисодию истеҳсолӣ ба даст оварда шаванд.                Дар ноҳия вобаста ба рушди иқтисодиёт тавассути дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шаклҳои нави хоҷагидорӣ, аз ҷумла, хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ, инфиродӣ ва ҷамъиятҳои саҳомӣ ташкил ёфтанд.                 Имрӯз аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ марказҳои савдо, ошхонаю тарабхона мағоза ва ҳатто сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ба роҳ монда шуда, ҳазорҳо ҷойҳои корӣ барои мардум муҳайё гардонида шудааст.                Ноҳияи Ҳисор шӯҳрати пешинаи худро имрӯз ҳам бо сарбаландӣ нигоҳ медорад.                 Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ махсус ғамхорӣ намуда, беш аз 60 фоизи маблағро ба рушди ин ду соҳа равона намудааст.                 Ҳамаи ин муваффақиятҳо дар конфронси матбуотие, ки ба ҷамъбасти 9 – моҳаи соли 2009 бахшида шуда буд, баланд садо дод. Ин дастовардҳо аз ҷониби иштирокдорони конфронс хуш қабул гардид.  Маводи ба хабарнигорон пешниҳодгардонидашуда, чун арзишҳои баланди фитрию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ пазируфта шуданд.

Октябрь 21, 2009 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд