КӮМАКИ ЛАМПАҲОИ КАММАСРАФ БА РОҲРӮБҲО
Душанбе, 6 октябр.(АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).-Cубъектҳои алоҳидаи пойтахт бо ибтикори шаҳрдорӣ ба 2046 нафар занон- кормандони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт, ки дар ободонию тозагии шаҳр саҳми босазо мегузоранд, ба ҳар кадоме 6 донагӣ фурӯзонакҳои каммасраф тақсим карданд. Дар маҷмӯъ 12276 адад фурӯзонакҳои каммасраф ба кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр кӯмак карда шуд, ки саҳми бозори «Корвон» дар он 1500 дона Дастгоҳи Раиси шаҳр 1363 дона ва бозори «Султони Кабир» 2300 дона мебошад. Дар робита Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳамаи онҳое, ки ки дар ин маърака бо ҳисси масъулияту ташаббуси шаҳрвандӣ саҳмгузор гардиданд, хусусан ба роҳбарони 58 субъекти хоҷагидори фаъоли ин чорабинӣ изҳори сипос намуд. Мавсуф таъкид кард, ки дар доираи ҳамкориҳои мавҷудаи иҷтимоӣ миёни шаҳрдорӣ ва сектори сеюми ҷомеаи пойтахт потенсиали мутақобила ба рушду ободонии шаҳр пайваста сафарбар карда шавад.