К. САМИЕВ: «БА МАРДУМ ҚАСРИ САЛОМАТӢ ОРЗУ ДОРАМ»

Октябрь 8, 2009 10:26

                 Душанбе,8 октбяр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Омӯзиш ва истифодаи илми равоншифоӣ яке аз илмҳои афзалиятнок ва хеле муҳим буда, он дар шароити муосири ҷомеаи башарӣ рушд ёфтааст», мегӯяд табиби ҷавони тибби равоншифоӣ Кӯчибой Самиев. Мавсуф хатмкардаи мактаби тибби Шарқ ва равоншифоии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар соли 2000 –ум аст. Соли 2002 ординатураи клиникиро хатм карда, баъдан ба ҳайси ассистенти кафедраи донишгоҳ кор кардааст. Ҳоло бошад духтури равоншифоии Маркази саломатии №10-и шаҳри Душанбе мебошад.Табиби ҷавон меафзояд, ки «Равоншифоӣ аслиҳаи равонӣ аст ва он кори корд, сӯзану риштаи ҷарроҳро иҷро менамояд». Таъкид бар он мекунад, ки «Равоншифоӣ киштиест, ки маллоҳи он табиб аст, беморонро аз баҳри маризӣ ба соҳили тандурустӣ мерасонад».                  Табиби ҷавон дар таҷрибаи начандон тӯлонии худ чандин нафар маризон, хусусан беморони мубталои фишори хун, бемориҳои чашм, бехобӣ ва ғайраро табобат карда, ба онҳо шифои комил бахшидааст. Яке аз онҳо Мадина сокини ноҳияи Рашт аст. Мадина дар моҳи июли соли 2007 ҳангоми зилзила сахт тарсида, аз забон монда буд. «Он вақт тибқи нақшаи таҷрибаомӯзии донишҷуёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари гурӯҳи донишҷӯён дар минтақаи Рашт баҳри таҷрибаомӯзӣ рафта будем», мегӯяд табиби равоншифо. Маъмурияти беморхонаи марказии ноҳияи Рашт аз қарор доштани мо дар ин минтақа огоҳ шуда, мутахассисони тибби равоншифоиро ба он хонае, ки Мадина зиндагӣ мекард фиристонид. Баъди аз сеанси табобатӣ гузаронидани Мадина ӯ комилан ба гап задан даромад. Чунин мисолҳо дар таҷрибаи табиби ҷавон зиёданд.                  Инчунин, зимни фаъолият ва ҳамчун роҳбари гурӯҳи таҷрибаомӯзӣ дар ноҳияи Рашт бисёр беморонро табобат кардам, ки онҳо дучори зарбаи рӯҳӣ, нооромӣ, ноусадагӣ дар оила гашта буданд. Ба онҳо кӯмаки тиббӣ -кӯмаки бедору мерасонидам, рӯз то рӯз шумораи беморон, ки ба ман муроҷиат мекарданд зиёд мешуд.                 Вақте, ки миллат солим аст давлат солим аст ва он ҷомеа пешрафту шукуфо мегардад. Шумо солимии ҷомеаро дар чӣ мебинед?                Баъзе одамон, хусусан мардум солимиро дар ҷисми солим медонанд. Вале он одамро солим гуфтан месазад, ки ҳам ҷисман, ҳам рӯҳан, ҳам эҳсосан ва ҳам ақлан солим бошанд, яъне мӯҳтоҷи чизе набошанд. Вақте, ки кӯдак ба дунё меояд бевосита ба рӯҳияи ӯ тарбияи оила –муҳити хонавода таъсир мерасонад. Баъдан муҳити ҷомеа. Дар илми равоншифоӣ мегӯянд, ки ҷомеа одамро ба бемории невроз гирифтор намуда, вақт одамро пир месозад. Муҳити носолим инсонро мубталои бемориҳои гуногун мегардонад. Яъне дар муҳите, ки мо зиндагӣ мекунем мо худамон бояд онро солим гардонем. Ба он муҳит зиён нарасонем. Вақте, ки зиён мерасонем, бешубҳа зарари онро мо худамон эҳсос мекунем. Ҳар як инсон натанҳо ба тарбияи фарзанду муҳит, балки ба тарбияи хеш низ машғул шавад. Аз ин рӯ, мо бояд ҳам ҷисму рӯҳ ва ақли худро солим нигаҳ дорем дар ин маврид мо ҷамъияти солим бунёд карда метавонем. Вақте, ки кори мо омад накард, яъне мо асабӣ шудем ё чизе монеъ шуд, ки кори мо омад накард. Инро агар аз нуқтаи илми равоншифоӣ таҳлил намоем дар ин маврид одам худаш ба худаш қаҳрӣ шуданаш мумкин аст.                  Кадом бемориҳоро Шумо бештар табобат мекунед?                    Бештар бемориҳое, ки ба системаи асаб вобаста аст. Тамоми бемориҳоро аз нуқтаи назари илми тиб ба воситаи илми равоншиносӣ табобат карда мешавад. Зеро худамонро ба муҳит ба воситаи ситемаи асаб мутобиқ месозем. Одамро системаи асаб ба ҳаракат медарорад. Системаи асаб боз дорои роҳҳо мебошад, ки онҳоро торҳои асаб меноманд. Як хабар меравад ё меояд асаб таъсирнок мешавад. Торҳои асаб ба системаи асаб таъсир карда, ҳолати моро тағйир медиҳад. Умуман ҳамаи бемориҳоро ба воситаи равоншифоӣ табобат карда мешавад.                Оё аз таҷрибаи дигар кишварҳо бархӯрдор ҳастед ва бо табибони равоншифоии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ менамоед?                Ба таври расмӣ ҳамкорӣ надорам. Вале ният дорам, ки дар оянда ҳамкориро бо табибони равоншифои кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монам. Аз таҷрибаи табибони равоншифои кишварҳои хориҷӣ тавассути шабакаи Интернет ошно ҳастам ва мушоҳида мекунам, ки онҳо усулҳои нави табобатро бештар истифода мебаранд. Масалан илми ғайбро.                 Илми ғайб чӣ гуна илм аст? Дар таҷрибаи Шумо низ истифода мешавад?                 Илми ғайб забондонӣ аст. Натанҳо бо забони инсонӣ сухан кардан, балки бо дигар забонҳо. Масалан бо ҳайвон чӣ хел муносибат мекунем. Яъне бо сухан не бо имову ишора (жест ва мимика). Ҳайвон забон дорад, вале маркази сухан надорад.                 Бо кадом доруҳо бештар табобат менамоед?                 Бо доруҳои оромкунанда. Ҳастанд бемориҳое, ки ба ҷои дору онҳоро тавассути сӯзан табобат менамоем. Барои сӯзан мондан бояд ҳар як табиб таҷрибаи тиббӣ дошта бошад. Сохти анатомиро бояд донист. Сӯзанро мутахассис дар ҳар куҷо намемонад. Нуқтаҳои махсус фаъоли биологӣ вуҷуд дорад.                Агар таърихи тибби сӯзанмониро варақ занем мебинем, ки он аз Чини қадим пайдо шудааст ва таърихи 2500-сола дорад. Дар китоби Хуанлини Тзитски оварда шудааст, ки императори Чин гирифтори дарди сар мешавад. Тамоми мутахассисону табибони маъруфи ҳамон давра ва дарборро ҷалб мекунанд, лекин ягон роҳи табобаташро пайдо карда наметавонанд. Император дар ғазаб шуда, бо пои бараҳна ба кӯча мебарояд, тасодуфан дар нуқтаи кафи пояш чӯб хала мекунад ва дарди сараш гум мешавад. Ва сарчашмаи сӯзанзанӣ аз ҳамон давр пайдо шуд, ки баъдан олимон ба он машғул шуданд. Аввалин бор далелҳои илман асоснокшудаи пизишкиро олими чиноӣ Ванвел исбот кардааст. Вай дар ду маникен 12 меридианро исбот карда, баъд нуқтаҳоро, нуқтаи дохилии меридиан яъне нуқтаҳои фаъоли биологиро илман исбот намуд.                 Дар кадом узвҳои инсон нуқтаҳо барои гузоштани сӯзан мавҷуд аст?                Дар тамоми организми инсон нуқтаҳо ҳастанд фақат онҳоро донистан лозим аст, ки ба кадом гурӯҳ ҷудо мешаванд. Масалан Ин ва Ян. Ин-хунук, Ян бошад гарм. Агар ба забони халқӣ гӯем Ин — зан ва Ян- мард. Вақте, ки қаҳру ғазаби инсон баланд мешавад, яъне қувваи Ян баланд мегардад, ин қувваи раҳмонист. Ин бошад қувваи шайтонӣ аст. Ҳамин ду қувваро баробар кардан даркор. Яъне мувозинатро баробар кунем бемор шифо меёбад.                  Бештар ба Шумо беморони дорои кадом синну сол муроҷиат мекунанд?                 Бемороне, ки манн табобат мекунам синну соли гуногун доранд.Мутафаккири бузург, Абӯалӣ ибни Сино гуфтааст, ки табиб бояд чашмони уқоб, дили шер, дастони духтар ва ақли морро дошта бошад, яъне хислати табибон ҳамин аст. Шахсан авввалҳо ман чандон ҷуръат надоштам, вале баъдан ҳини фаъолиятам дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва ноҳияи Рашт таҷрибаамро мукаммал намудам.                  Киро устоди худ мешуморед?                 Анвар Исомиддинов. Дар мактаби онҳо ба камол расидаам.                  Тибқи нишондодҳои оморӣ солҳои охир ҳодисаҳои худкушӣ дар ҷумҳурӣ, бахусус дар қисмати шимоли кишвар афзоиш ёфтааст. Баъзе коршиносон афзоиши ин зуҳротро дар сатҳи пасти иҷтимоӣ ва сустиродагии ҷавонон нисбат медиҳанд. Назари Шумо ҳамчун табиби равоншифо ба ин масъала чӣ гуна аст?                    Дар муҳите, ки инсон худашро мутобиқ карда наметавонад, албатта ӯ гирифторӣ беморӣ мешавад. Вақте, ки майнаи сари инсон хаста шуд аз ҷиҳати ақлӣ ба эҳсосот меафтад ва аз эҳсосӣ ба ҷисмӣ. Ба фикри ман он минтақаҳое, ки чунин ҳодисаҳо бештар рух медиҳад бояд мавриди омӯзиш қарор дода шаванд, то дар он ҷо чи таъсири бештар дорад.Масалан сеҳр мегӯем. Фиръавнҳои Рими қадимро мегирем. Вақте, ки гурӯҳи мутахассисон дар он ҷо таҷриба гузарониданд чанд нафарашон фавтиданд. Сабаби фавти мутахассисон ҳамон вирусҳое, ки аз мурдаҳо боқӣ монда буданд дар тахаюлоти онҳо галлюцинация пайдо шуда, ба ҳолати рӯҳӣ гирифтор шудаанд. Яъне чунин таъсиротро омӯхтан лозим аст. Мисоли дигар «Ҷазираи марг» мегӯянд дар Мисри қадим, вақте гӯсфандон аз як дара ба дигар дара мегузаштанд мемурданд, аммо аспу одамон не. Баъдан олимон омӯхтанд, ки аз ҳамон маҳал газ хориҷ мешудааст. Қади гӯсфандон, ки паст буд аз таъсири гази хориҷшуда мефавтиданд қади одамону аспҳо, ки баланд буданд таъсираш намерасид. Вақте чунин ҳодисаҳо ба амал меоянд муҳит, ҷамъият, тарзи зиндагӣ ва таъсири онҳо ба инсонро ҳаматарафа бояд омӯхт. Организми инсон ба ҷадвали зиндаи Менделеев нисбат дода мешавад. Зеро организми одам аз элементҳои химиявӣ иборат аст.                   Арзиши табобату хизматрасониатон чӣ гуна аст?Барои 1 курс табобати гурӯҳӣ 100-150 сомонӣ барои табобати як шахс дар алоҳидагӣ 2маротиба зиёдтар аст.                 Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?                 Ният дорам, ки дар дохили кишвар як Маркази тиббии равоншифоиро таъсис диҳам.                 Таманнои Шумо ба мардум?                 Ба мардуми кишвари азизам, ки воқеан сарзамини биҳишосост қасри саломатӣ орзу намуда, дар ҷисмашон қувва, дар дилашон фараҳ ва дар сарашон фикрҳои солимро таманно дорам.                      Мусоҳиб, Марзия Саидова, хабарнигори АМИТ «Ховар»   

Октябрь 8, 2009 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарнишин аз Тоҷикистон дар фестивали байналмилалии парапланронӣ бо парчами давлатӣ парвоз анҷом дод
Дар қисматҳои баландкӯҳи ноҳияи Рашт кишти картошка идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Наваскарони қисми низомӣ дар ноҳияи Лахш савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд