КИТОБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚАЗОҚИСТОН БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ТАРҶУМА ШУД

Октябрь 26, 2009 15:20

                  Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- 23 октябр дар Душанбе дар китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ дар доираи маҳфили адабӣ-мусиқии «Айни-Абай», ки бо ташаббуси Сафоратхонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати фарҳангӣ Тоҷикистон, китобхонаи миллии Тоҷикистон, ҷамъияти дустии «Тоҷикистону-Қазоқистон» ва маркази фарҳангии «Байтерек» доир гардид, муаррифии китоби Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо номи «Евроосиё», «Роҳи Қазоқистон» гузаронида шуд. Инчунин китобҳо бо забонҳои тоҷикию русӣ «Муносибатҳои Қазоқистону Тоҷикистон: 15 соли дустӣ ва ҳамкорӣ», «Қазоқистон кишвари пешрафт ва шукуфон, сулҳ ва ҳамбастагӣ» нашри махсуси «Қазоқистон-Тоҷикистон дар роҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманд» муаррифӣ карда шуданд.                   Китоби «Роҳи Қазоқистон» ба забони тоҷикӣ тарҷума ва бо ташаббуси Сафоратхонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон ба чоп дода шудааст. Китобро муовини вазири фарҳанг Абдуғаффор Абдуҷабборов тарҷума кардааст.

Октябрь 26, 2009 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд