КОНФРОНС БА МУНОСИБАТИ АРҶГУЗОРИИ БУЗУРГОН

Октябрь 1, 2009 15:03

                 Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова ). – 30 сентябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо ибтикори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 20-солагии қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бузургдошти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷалолиддини Румӣ конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Забон – муҳимтарин омили худшиносии тиббии ҷомеа» баргузор гардид.                   Тавре аз Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд, дар он намоиш ва фурӯши китобҳои Нашриёти давлатии «Адиб» ва намоиши китобҳо ва дастовардҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои ширкаткунандагони конфронс пешниҳод гардида буд.                  Дар ин чорабини роҳбарияти Вазорати тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои дахлдор, зиёиёни эҷодкор иштирок намуданд.                   Конфронс таҳти сарварии муовини вазири тандурустии мамлакат Соҳибназар Раҳмонов баргузор гашт. Дар он маърӯзакунандагони зиёде баромад намуда оид ба масъалаҳои забони давлатӣ ва истифодаи он, мушкилоти татбиқи забони тоҷикӣ дар соҳаи тандурустӣ, забони ҳуҷҷатнигорӣ ва коргузории тиббӣ ва ислоҳоти он, истилоҳоти тиббӣ дар забони матбуоти тоҷик, мушкилоти истилоҳофаринӣ дар соҳаи тандурустӣ, меъёрҳои тарҷумаи истилоҳоти тиббӣ суханронӣ намуданд.                   Маърӯзакунандагон нақши тоҷикон ва забони тоҷикиро дар арсаи ҷаҳонӣ қайд намуда, иброз доштанд, ки мо бояд ба қадри осори гузаштагон бирасем ва бо истифода аз илму навгониҳои фанноварӣ барои ояндагон низ ин меросро ҳифз намоем ва дар дараҷаи ин осор асарҳо биофарем.                   Лоиқи тазаккур аст, ки дар ин конфронс аз тарафи олимон ва таҳқиқгарон пешниҳод ба миён омад, то бо дастгирии Вазорати тандурустӣ асарҳои «Ҳидоятулмӯъталимин фи тиб», «Луғати истилоҳоти тиббӣ» ба дасти чоп расад.  

Октябрь 1, 2009 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд