КОНФРОНСИ ИЛМӢ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ

Октябрь 29, 2009 12:45

                 Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар» — Людмила Дубинина, Фирдас Таваров). – Имрӯз дар Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ конфронси илмӣ бахшида ба 15 — солагии қабули Қонуни асосӣ — Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.                 Конфронс бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллӣ гузаронида мешавад. Дар конфронс оид ба кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аз ҷониби Сарқонун, ӯҳдадориҳои ҷавонон дар назди Ватан ва дигар мавзӯъҳои муҳими рӯз маърӯзаҳо ва муколама бо иштирокчиён ташкил карда мешавад. Дар доираи конфронс дар толори китобхонаи миллӣ намоишгоҳи китоб низ баргузор карда хоҳад шуд.  

Октябрь 29, 2009 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд