КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛИИ ДУШАНБЕ

Октябрь 19, 2009 15:22

                 Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе нахустин конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Масоили муҳими идораи давлатӣ ва хизмати давлатӣ» баргузор гардид. Дар конфронс намояндагони Пажӯҳишгоҳи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идораи давлатӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, намояндагони муассисаи олии таълимии «Ориё» — и Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дигар муассисаҳо ва пажӯҳишгоҳ иштирок карданд.                  Дар конфронс масъалаҳои марбут ба ташкил намудани сохтори муосири пайдо кардани хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон, татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба омодасозии кадрҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, идораи давлатӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда муҳокима шуданд. 

Октябрь 19, 2009 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд