КОНФРОНСИ МИНТАҚАВӢ ДАР МУҒУЛИСТОН

Октябрь 15, 2009 15:10

                 Душанбе, 15 октябр.(АМИТ «Ховар», Наргис Бояҳмедова). – 14 октябр дар Улан – Батор дар доираи барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) Конфронси 8 – уми вазирон баргузор гардид. Ҳадафи Ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ таъсис додани инфраструктураи ҳамлу нақл ва энергетикӣ, содда кардани гузаргоҳ ва савдои сарҳадӣ, барқарор кардани ҳамкории зич миёни давлатҳои минтақа мебошад.                Тавре ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар кори конфронс вазирони давлатҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд.                Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин конфронс мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Матлубхон Давлатов, ҳамчунин шахсони расмӣ аз дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, вазорати рушди иқтисод ва савдо, вазорати энергетика ва саноат намояндагӣ мекунанд.                Дар конфронси вазирон баррасӣ ва қабули ду ҳуҷҷати муҳим: Нақшаи фаъолият дар бахши энергетикаи Ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҳаҷми натиҷаҳои барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ дар назар дошта шудааст. Нақшаи фаъолият барои ҳамгироии минтақавӣ ба воситаи рушди энергетика, аз ҷумла сармоягузорӣ ба ин соҳа равона карда мешавад.                 Ёдовар мешавем, ки Ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ соли 1997 таъсис ёфта, Бонки Рушди Осиё аз соли 2000 котиботии ин созмонро ба ӯҳда гирифтааст. 

Октябрь 15, 2009 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад