КОНФРОНСИ МИНТАҚАВӢ ДАР МУҒУЛИСТОН
Душанбе, 15 октябр.(АМИТ «Ховар», Наргис Бояҳмедова). – 14 октябр дар Улан – Батор дар доираи барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) Конфронси 8 – уми вазирон баргузор гардид. Ҳадафи Ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ таъсис додани инфраструктураи ҳамлу нақл ва энергетикӣ, содда кардани гузаргоҳ ва савдои сарҳадӣ, барқарор кардани ҳамкории зич миёни давлатҳои минтақа мебошад. Тавре ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар кори конфронс вазирони давлатҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин конфронс мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Матлубхон Давлатов, ҳамчунин шахсони расмӣ аз дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, вазорати рушди иқтисод ва савдо, вазорати энергетика ва саноат намояндагӣ мекунанд. Дар конфронси вазирон баррасӣ ва қабули ду ҳуҷҷати муҳим: Нақшаи фаъолият дар бахши энергетикаи Ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҳаҷми натиҷаҳои барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ дар назар дошта шудааст. Нақшаи фаъолият барои ҳамгироии минтақавӣ ба воситаи рушди энергетика, аз ҷумла сармоягузорӣ ба ин соҳа равона карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки Ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ соли 1997 таъсис ёфта, Бонки Рушди Осиё аз соли 2000 котиботии ин созмонро ба ӯҳда гирифтааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






