КОРХОНАИ «ГУЛПАРВАР»-РО КИ ОТАШ ЗАД?
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Рӯзи 26 октябр дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар анбори корхонаи таҷрибавии илмӣ — истеҳсолии «Гулпарвар», ки ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тааллуқ дорад дар масоҳати 45 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омад. Тавре ба АМИТ «Ховар» корманди дафтари матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии (ХДО) ВКД ҶТ майор Кароматулло Абдуллоев иттилоъ дод, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии тактикӣ — оташнишонӣ паҳншавии сӯхтор пешгирӣ карда, он хомӯш карда шуд. Сабабҳои сӯхтор муайян карда мешаванд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






