КОРИ ХУБИ КИШОВАРЗОНИ НОХИЯИ ПАНҶ
Панҷ, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков). — Кишоварзони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон баҳри амалӣ намудани Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, ҳосилнокии зироатҳо ва маҳсулнокии чорвои ҷамъиятӣ субботкорона меҳнат намуда, нӯҳ моҳи аввали соли ҷориро бо натиҷаҳои назарраси истеҳсолӣ ҷамъбаст намуданд. Дар ин давра дар майдони 5942 га ғалладонагиҳо, аз он ҷумла гандум 4706 га, ҷав 627 га, пахта 5300 га, сабзавот 246 га, картошка 104 га ва хӯроки чорво 2487 га кишт карда шуд. Қайд кардан лозим аст, ки майдони кишти зироатҳои ғалладона дар ҷамоатҳои хоҷагии Нури Ваҳдат, Озодагон ва Намуна нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад. Кишти сабзавотро хоҷагиҳои ҷамоатҳои «Сайфутдини К». 67,0 фоиз, Меҳвар 21,6 фоиз , Намуна 64,4 фоиз, Озодагон 35,0 фоиз иҷро намудаанд. Соли ҷорӣ дар ноҳия бо сабаби кашол ёфтани кишти баҳории зироатҳои ғалладона дар 480 га заминҳои солҳои дароз бекорхобида кишти маъсар гузаронида шуд. Кишоварзони ноҳия майдони кишти пахтаро ба миқдори 2710 кам намуда, кишти дигар зироатҳои кишоварзӣ, аз қабили: ғалладона -491 га, сабзавот -32 га, картошка — 42 га, полезиҳо — 101 га ва зироатҳои техникии равғандор ба монанди кунҷит, зағер (масъар) — 634 га зиёд кардаанд. Чорводорони ноҳия саршумори чорвои калони шохдорро ба 5256 сар расонида, саршумори гӯсфанд ва бузро ба 23 ҳазору 731 сар расониданд,ки ин иҷрои нақшаро 100,4 таъмин кард. Ҳоло дар хоҷагиҳои ноҳия тайёрӣ ба зимистонгузаронии чорво давом дорад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






