КОРИ ХУБИ КИШОВАРЗОНИ НОХИЯИ ПАНҶ

Октябрь 14, 2009 11:25

                  Панҷ, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков). — Кишоварзони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон баҳри амалӣ намудани Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, ҳосилнокии зироатҳо ва маҳсулнокии чорвои ҷамъиятӣ субботкорона меҳнат намуда, нӯҳ моҳи аввали соли ҷориро бо натиҷаҳои назарраси истеҳсолӣ ҷамъбаст намуданд.                  Дар ин давра дар майдони 5942 га ғалладонагиҳо, аз он ҷумла гандум 4706 га, ҷав 627 га, пахта 5300 га, сабзавот 246 га, картошка 104 га ва хӯроки чорво 2487 га кишт карда шуд. Қайд кардан лозим аст, ки майдони кишти зироатҳои ғалладона дар ҷамоатҳои хоҷагии Нури Ваҳдат, Озодагон ва Намуна нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад. Кишти сабзавотро хоҷагиҳои ҷамоатҳои «Сайфутдини К». 67,0 фоиз, Меҳвар 21,6 фоиз , Намуна 64,4 фоиз, Озодагон 35,0 фоиз иҷро намудаанд.                 Соли ҷорӣ дар ноҳия бо сабаби кашол ёфтани кишти баҳории зироатҳои ғалладона дар 480 га заминҳои солҳои дароз бекорхобида кишти маъсар гузаронида шуд. Кишоварзони ноҳия майдони кишти пахтаро ба миқдори 2710 кам намуда, кишти дигар зироатҳои кишоварзӣ, аз қабили: ғалладона -491 га, сабзавот -32 га, картошка — 42 га, полезиҳо — 101 га ва зироатҳои техникии равғандор ба монанди кунҷит, зағер (масъар) — 634 га зиёд кардаанд.                 Чорводорони ноҳия саршумори чорвои калони шохдорро ба 5256 сар расонида, саршумори гӯсфанд ва бузро ба 23 ҳазору 731 сар расониданд,ки ин иҷрои нақшаро 100,4 таъмин кард. Ҳоло дар хоҷагиҳои ноҳия тайёрӣ ба зимистонгузаронии чорво давом дорад. 

Октябрь 14, 2009 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад