КУМИТАИ АНДОЗ НАҚШАИ 9 – МОҲАРО ИҶРО НАМУД

Октябрь 21, 2009 09:46

                 Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар конфронси матбуотие, ки ба муносибати ҷамъбасти нӯҳмоҳа дар Кумитаи андози ҷумҳурӣ доир гардид, раиси кумитаи мазкур Нусратулло Давлатов ба хабарнигорони дохил ва хориҷи кишвар иброз дошт, ки сарфи назар аз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 103,3 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 1558 млн. сомонии дар нақша пешбинишуда 1600,5 млн. сомонӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид карда шуд.                 Дар баробари ин, боиси таассуф аст, ки дар ин давра иҷрои 4 намуди андоз, аз қабили андоз аз истифодабарандагони қаъри замин, андози обистифодабарандагон, андози ягона ва боҷи давлатӣ ба қадри зарурӣ иҷро нашуд. Ҳамчунин, андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ аз тарафи мақомоти андози дар ноҳияҳо буда дар 15 ноҳияи вилояти Хатлон, 4 ноҳияи вилояти Суғд ва ноҳияи Варзоб иҷро нагардид.                 Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҷамъоварии андоз нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 ба қадри 20, 2 фоиз зиёд иҷро гардидааст.                  Дар ин нишасти матбуотӣ ҳисоботи раиси кумита тавассути воситаҳои электронӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Сипас саволу ҷавоб миёни хабарнигорон ва кормандони соҳаи андоз бо ҷӯшу хурӯш сурат гирифт ва кормандони васоити ахбори омма ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Октябрь 21, 2009 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд