КУМИТАИ АНДОЗ НАҚШАИ 9 – МОҲАРО ИҶРО НАМУД
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар конфронси матбуотие, ки ба муносибати ҷамъбасти нӯҳмоҳа дар Кумитаи андози ҷумҳурӣ доир гардид, раиси кумитаи мазкур Нусратулло Давлатов ба хабарнигорони дохил ва хориҷи кишвар иброз дошт, ки сарфи назар аз бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 103,3 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 1558 млн. сомонии дар нақша пешбинишуда 1600,5 млн. сомонӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид карда шуд. Дар баробари ин, боиси таассуф аст, ки дар ин давра иҷрои 4 намуди андоз, аз қабили андоз аз истифодабарандагони қаъри замин, андози обистифодабарандагон, андози ягона ва боҷи давлатӣ ба қадри зарурӣ иҷро нашуд. Ҳамчунин, андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ аз тарафи мақомоти андози дар ноҳияҳо буда дар 15 ноҳияи вилояти Хатлон, 4 ноҳияи вилояти Суғд ва ноҳияи Варзоб иҷро нагардид. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҷамъоварии андоз нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 ба қадри 20, 2 фоиз зиёд иҷро гардидааст. Дар ин нишасти матбуотӣ ҳисоботи раиси кумита тавассути воситаҳои электронӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Сипас саволу ҷавоб миёни хабарнигорон ва кормандони соҳаи андоз бо ҷӯшу хурӯш сурат гирифт ва кормандони васоити ахбори омма ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






