М.НЕЪМАТОВ: БАРОИ ЭХЁИ «ШОХРОХИ АБРЕШИМ» «ДАРКУШОӢ МЕБОЯД, НА ДАРБАНДӢ «

Октябрь 23, 2009 18:17

                 Анталия, 23 октябр. /АМИТ Ховар, Наталя Михайлова/. — Имрӯз дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи 2-юми Вазирони туризми кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон Маликшо Неъматов иштирок ва суханронӣ намуд. Маликшо Неъматов дар мавзӯъи муҳимияти рушди туризми минтақавӣ сухан ронда иброз дошт, ки дар ин самт дар солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом дода истодааст.                 Аз ҷумла дар доираи сиёсати дарҳои кушод барои 80 кишвари олам тартиби соддаи гирифтани раводидро пешбинӣ намудааст.Тамоми монеаҳои рушди туризм бардошта шудаанд ва барои ҷалби сармоя фазои мусоиди инвеститсионӣ фароҳам оварда шудааст.Дар рушди инфрасохтори туристӣ аз қабили сохтмон,таъмиру тармими роҳҳо, нақбҳо, пулҳо, сохтмони меҳмонхонаҳо,кушодани сайрхатҳои нави ҳавоӣ ва тарғибу ташвиқи захираҳои бои туристии кишвар корҳои назаррас анҷом дода шудаанд ва Тоҷикистон дар рушди туризми минтақавӣ манфиатдор буда, дар ин самт бо кишварҳои аъзои ЭКО ҳамкорӣ менамояд. М.Неъматов ба масъалаи эҳёи сайрхати туристии "Шоҳроҳи Абрешим", ки аз он тамоми кишварҳои минтақа метавонанд, манфиат ба даст оранд,дахл карда иброз дошт, ки барои эҳёи ин роҳи таърихӣ кишвархои минтақаро "даркушоӣ мебояд на дарбандӣ".                  Ҳамзамон дар рафти кори ҷаласа масъалаи таъсиси Вебсайти туристии ягонаи кишварҳои аъзои ЭКО, Баргузории намоишгоҳи туристии кишварҳои аъзои ЭКО, Маълумотномаи якҷояи туристии кишварҳои аъзои ЭКО. Баргузории семинару курсҳои якҷояи омӯзишии мутахассисони кишварҳои аъзо мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд. Дар охири кори ҷаласа муроҷиатномаи вазирони туризми кишварҳои аъзои ЭКО қабул карда шуд. Ёдовар мешавем, ки Созмони ЭКО созмони минтавақавӣ буда, ба он даҳ кишвари минтақа Афғонистон, Эрон, Покистон, Туркия,Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Киргизистон, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон аъзо мебошанд.

Октябрь 23, 2009 18:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд