МАҲФИЛИ ЁДБУДИ ПӮЛОД ТОЛИС

Октябрь 7, 2009 16:59

                 Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Пагоҳ, 8 октябр дар Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ барои поси хотири нависандаи маъруфи тоҷик Пӯлод Толис маҳфили адабӣ баргузор мегардад.                   Муовини аввали Иттифоқи нависандагон Абдулҳамид Самадов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар маҳфил ҳаводорони эҷодиёти адиби шаҳир ва ҳамсафону шогирдони ӯ иштирок хоҳанд кард. Пӯлод Толис 24 августи соли 1929 дар Хуҷанд таваллуд шудааст. Ӯ баъди хатми мактаби миёна ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд.                    Фаъолияти меҳнатии П.Толис аз ҳуруфчини матбаа оғоз ёфтааст. Ӯ баъдан дар вазифаҳои мудири шӯъбаи рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», котиби масъули маҷаллаи «Пионер», муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон ва ғайра кор кардааст.                   Дар Тоҷикистон асарҳои П.Толис «Чароғҳо», «Ҳикояҳо», «Дар», повести «Тобистон» ва ғайра чоп шудаанд.                   П.Толис инчунин тарҷумони бомаҳорат низ буд. Тарҷумаи асарҳои адибони рус А.Герсен, А. Толстой, А.Чехов, М.Горкий ва ғайра ба қалами ӯ тааллуқ доранд.                   Пӯлод Толис моҳи сентябри соли 1961 дар синни 32 — солагии вафот кард. 

Октябрь 7, 2009 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд