МАҶАЛЛАИ «АЛ-АЗҲАР» ВА ИМОМИ АЪЗАМ

Октябрь 28, 2009 12:41

                 Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояҳмедова). – Дар шумораи навбатии маҷаллаи «Ал-азҳар» — и Академияи тадқиқоти исломии назди Донишгоҳи «Ал-азҳар» (Ҷумҳурии Мисри Араб) оид ба симпозиуми байналмилалии «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир», ки рӯзи 5 октябри соли 2009 дар Душанбе барпо шуда буд, матлабҳои хонданӣ нашр шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб Нарзулло Назаров иттилоъ дод.                  «Дар маҷалла суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, маърӯзаи Имоми асосии Донишгоҳи «Ал-азҳар» — и Миср шайх Муҳаммад Тантавӣ ва котиби генералии «Ал-азҳар» Алӣ Абдулбоқӣ Шаҳоб дарҷ гардидаанд.» – қайд кард дипломати тоҷик.                    Бояд гуфт, ки дар шумораи моҳи апрелии маҷаллаи мазкур низ мақолаи дигари Сарвари давлати тоҷикон бо номи «Имоми Аъзам ва тафаккури миллии тоҷикон» чоп ва писанди дӯсторони тамаддуни исломӣ шуда буд.

Октябрь 28, 2009 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд