МАҶАЛЛАИ «АЛ-АЗҲАР» ВА ИМОМИ АЪЗАМ
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояҳмедова). – Дар шумораи навбатии маҷаллаи «Ал-азҳар» — и Академияи тадқиқоти исломии назди Донишгоҳи «Ал-азҳар» (Ҷумҳурии Мисри Араб) оид ба симпозиуми байналмилалии «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир», ки рӯзи 5 октябри соли 2009 дар Душанбе барпо шуда буд, матлабҳои хонданӣ нашр шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб Нарзулло Назаров иттилоъ дод. «Дар маҷалла суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, маърӯзаи Имоми асосии Донишгоҳи «Ал-азҳар» — и Миср шайх Муҳаммад Тантавӣ ва котиби генералии «Ал-азҳар» Алӣ Абдулбоқӣ Шаҳоб дарҷ гардидаанд.» – қайд кард дипломати тоҷик. Бояд гуфт, ки дар шумораи моҳи апрелии маҷаллаи мазкур низ мақолаи дигари Сарвари давлати тоҷикон бо номи «Имоми Аъзам ва тафаккури миллии тоҷикон» чоп ва писанди дӯсторони тамаддуни исломӣ шуда буд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






