МАҶЛИСИ САЙЁРИ АССАМБЛЕЯИ ПАРЛУМОНӢ
Москва, 5 октябр.(АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Пагоҳ, 6 октябр, дар Ҷумҳурии Белорус маҷлиси сайёри комиссияи доимоамалкунандаи Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои мудофиа ва бехатарӣ дар мавзӯи «Омӯзиши вазъияти сиёсӣ-ҳарбӣ дар минтақаи Аврупои шарқии СААД» баргузор мегардад. Маҷлис ду рӯз давом мекунад. Аъзои комиссияи доимоамалкунандаи Ассамблеяи парлумонии СААД оид ба масъалаҳои мудофиа ва бехатарӣ аз Академияи ҳарбӣ, Ситоди асосии қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ, инчунин яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Белорус дидан мекунанд. Ёдрас мекунем, ки ин сеюмин маҷлиси сайёри комиссияи доимоамалкунандаи Ассамблеяи Парлумонии СААД вобаста ба ҳолати ҳарбӣ-сиёсӣ дар минтақаҳои созмон мебошад. Соли 2007 намояндагони парлумон вазъияти ҳарбӣ-сиёсиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва соли 2008 дар минтақаи Қавқоз мавриди омӯзиш қарор дода буданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






