МАБЛАҒҲОИ МУТАМАРКАЗОНИДАШУДА ПУРРА ИСТИФОДА ШУДАНД

Октябрь 26, 2009 08:55

                Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори Раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби ВМКБ Баҳодур Сулаймонов, дар ноҳияи Ишкошим корҳои тозакунӣ ва таъмири каналу ҷӯйборҳо ба маблағи 121 ҳазор сомонӣ анҷом ёфт.                 Барои таъмир ва тоза кардани канали калонтарини вилоят – «Канали Дашти Селексионӣ» 5, 2 ҳазор сомонӣ масраф гардид. Дар ин муддат корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза намудани заҳбуру заҳкашҳои мавзеи Лангар аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ бо маблағи 179,7 ҳазор сомонӣ корҳо анҷом дода шуда, канали ин мавзеъ барқарор гардид.                Дар мавзеи Варанг бошад, корҳои обёӣ намудани заминҳо аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ оғоз шуд ва то 1 – уми октябр ба маблағи 179 ҳазор сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шуданд.  

Октябрь 26, 2009 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд