МАБЛАҒҲОИ МУТАМАРКАЗОНИДАШУДА ПУРРА ИСТИФОДА ШУДАНД
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори Раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби ВМКБ Баҳодур Сулаймонов, дар ноҳияи Ишкошим корҳои тозакунӣ ва таъмири каналу ҷӯйборҳо ба маблағи 121 ҳазор сомонӣ анҷом ёфт. Барои таъмир ва тоза кардани канали калонтарини вилоят – «Канали Дашти Селексионӣ» 5, 2 ҳазор сомонӣ масраф гардид. Дар ин муддат корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза намудани заҳбуру заҳкашҳои мавзеи Лангар аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ бо маблағи 179,7 ҳазор сомонӣ корҳо анҷом дода шуда, канали ин мавзеъ барқарор гардид. Дар мавзеи Варанг бошад, корҳои обёӣ намудани заминҳо аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ оғоз шуд ва то 1 – уми октябр ба маблағи 179 ҳазор сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шуданд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






