МАЪРАКАИ ДОРУГУЗАРОНӢ ДАВОМ ДОРАД
Хуҷанд, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Дар вилояти Суғд маъракаи доругузаронӣ ба организми бачагони аз 1 то 14 сола барои пешгири бемориҳои гул ва сурхча мисли минтақаҳои дигари мамлакат муташаккилона оғоз ёфт ва бомуваффақият давом дорад. Тавре хабар дода шуда буд, маъракаи мазкур дар Тоҷикистон бо кӯмаки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва муассисаи наҷоти атфоли СММ гузаронида мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар вилояти Суғд дар давоми маърака ба организми 650 ҳазору 194 нафар дору гузаронида хоҳад шуд. Бо ин мақсад дар марказҳои саломатӣ, мактабҳо, боғчаҳои бачагон ва ғайра 549 бунгоҳи доругузаронӣ ташкил карда шуданд. Дар давоми ду рӯзи аввали маърака ба организми 177 ҳазору 194 нафар дору гузаронида шуд. Хабар дода мешавад, ки мутахассисони вазорати тандурустӣ ва раёсати тандурустии вилоят аз 7 то 12 сентябр ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят сафар карда, аҳамияти доругузарониро ба аҳолӣ фаҳмонданд. Дар давоми ду ҳафтаи маърака дар саросари ҷумҳурӣ ба организми 2,5 миллион нафар дору гузаронида хоҳад шуд. Тибқи нақшаи вазорати тандурустӣ ояндаи наздик ба организми бачагон барои пешгирии бемориҳои меъдаю рӯда ва роҳҳои нафар низ дору гузаронида хоҳад шуд. Хароҷоти умумии маъракаи доругузаронӣ бештар аз 3 миллион доллари ИМА – ро ташкил медиҳад.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






