МАШВАРАТИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Октябрь 1, 2009 08:35

                 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ ва роҳбарони сохторҳои бахши иқтисодии мамлакат машварати корӣ доир намуд.                  Дар машварат натиҷаҳои фаъолияти бонкӣ ва нишондодҳои рушди онҳо дар 8 моҳи соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳои минбаъда баҳри беҳдошти вазъи соҳа ва дастгирии давлатии он дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ муайяну мушаххас карда шуд.                  Дар рафти машварат ҳисоботи Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ шунида шуд.                  Аз ҷумла зикр гардид, ки сатҳи таваррум дар 8 моҳи соли равон 4% — ро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,9 банди фоизӣ кам аст. Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 13 адад бонк ва 121 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ амал мекунанд. Дар 8 моҳи соли равон 20 шуъбаи нави бонкӣ дар минтақаҳо, 4 оҷонсӣ, 68 нуқтаи интиқоли пул ва 29 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ кушода шудааст.                 Ҳаҷми амонатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 218,9 миллион ё худ 31,6% ва 209,8% ё худ 19,5% афзудааст, ки бешубҳа аз болоравии эътимоди мардум ба бонкҳои кишвар гувоҳӣ медиҳад. Дар 8 моҳ бонкҳо ба мизоҷони худ дар ҳаҷми умумии 2,9 миллиард сомонӣ қарз додаанд, ки аз он 1,1 миллиардашро қарзҳои хурд ташкил медиҳад.                 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон беҳшавии хизматгузории бонкӣ, баланд шудани боварии мардум ба бонкҳо, афзоиши амонатҳо дар ташкилотҳои қарзӣ, афзудани ҳаҷми қарздиҳӣ, хусусан қарзҳои хурд ва тадриҷан афзудани ҷалби сармояи хориҷиро аз пешравию комёбиҳои асосии низоми бонкии кишвар дар солҳои охир маънидод намуд.Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти нишондодҳои ҳисоботи роҳбарони бонкҳо ва таклифу пешниҳодҳои онҳо ба роҳбарияти сохторҳои масъули бахши иқтисодӣ дастур дод, ки баҳри дастгирии бештари низоми бонкии мамлакат дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ тадбирҳои муассиру судбахш андешанд.                 Идомаи ислоҳоти бонкӣ, афзун намудани қарзҳо ба соҳибкорони ватание, ки маҳсулоти содиротӣ истеҳсол мекунанд ва ба соҳибкорони истеҳсолии деҳоти кӯҳистон, таъмини шаффофият дар фаъолияти бонкӣ ва дигар тадбирҳои муҳим зарур шумурда шуд.                  Роҳбарони бонкҳо аз он, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар давоми соли равон аллакай ду бор аст, бо онҳо мулоқоту машварат анҷом дода, оид ба дастгирии давлатии соҳа тадбирҳои мушаххас меандешад, изҳори хушнудӣ намуда, таъкид бар он доштанд, ки баҳри ба сатҳи муосири ҷаҳонӣ баровардани хизматрасониҳои бонкӣ ҷаҳду талош мекунанд.

Октябрь 1, 2009 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид