МАСЛИҲАТҲОИ СУДМАНДИ РАВОНИВУ ҲУҚУКӢ БА ЗАНОН

Октябрь 21, 2009 12:18

                  Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 228 зан оид ба хушунати оилавӣ ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуданд.                    Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз кумитаи мазкур иттилоъ доданд, дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази «Боварӣ» фаъолият дорад ва равоншиносону ҳуқуқшиносони кумита дар нӯх моҳи соли равон ба 898 нафар занону духтароне, ки бо масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд, ба онҳо маслиҳатҳои судманди равониву ҳуқукӣ доданд.                   Бояд гуфт, ки дар ин давра, ба Кумита 316 адад аризаҳои хаттии шаҳрвандон ворид гардид, ба 44 нафар кӯмаки тиббии ройгон расонида шуд ва 30 нафар соҳиби аробачаҳои маъюбӣ ва протез гаштанд. Ҳамчунин, 23 нафар довталабон аз оилаҳои камбизоат баъд аз муроҷиат ба Кумита ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дохил шуданд. 

Октябрь 21, 2009 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид