МД «ТЕЛЕВИЗИОНИ САФИНА» АЗ ФАЪОЛИЯТИ НӮҲМОҲА НАТИҶАГИРИ КАРД

Октябрь 9, 2009 11:34

                 Душанбе, 9  октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова ). – «Нӯҳ моҳе, ки аз соли 2009 сипарӣ гардид, ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон саршор аз рӯйдоду воқеоти фараҳбахш буд ва аҳли эҷодии мо то ҷои имкон тамошобини дохил ва хориҷи кишварро дар ҷараёни онҳо қарор доданд»,- қайд намуд дар нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Абдурашид Хуҷамқулов.                  Муассиса дар ин давра корҳои таблиғотиву ташвиқотиро дар самти сазовор истиқбол гирифтани 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии ҶТ ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам ба таври васеъ ба роҳ монда, як қатор барномаҳои илмӣ — адабӣ ва фарҳангию маърифатӣ таҳия ва пешкаши бинандагон намуданд.                 Ҳамчунин бо тавсияи Шӯрои бадеии Муассисаи филми мустанади «Чароғи ҳидоят» ба навор гирифта шуда, ки рӯзҳои Симпозиуми байналмилалии «Мероси Абӯҳанифа ва аҳмияти дар муколамаи тамаддунҳо» дар эфир пахш гардид. Дар баробари ин чорабинӣ, конфронсу семинарҳои бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам, ки дар ташкилоту муассиса ва корхонаву идораҳо дар ин муддат доир гардиданд, дар гузоришҳои таҳлилии барномаҳои иттилоотиӣ инъикоси саривақтии худро пайдо намуданд.                  Инчунин, бояд қайд намуд, ки дар тӯли нӯҳ моҳи сипаригардида кормандони идора 18 филми бадеӣ ва 35 филми мустанадро тарҷума ва дубляж карданд.  

Октябрь 9, 2009 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд