МД «ТЕЛЕВИЗИОНИ САФИНА» АЗ ФАЪОЛИЯТИ НӮҲМОҲА НАТИҶАГИРИ КАРД
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова ). – «Нӯҳ моҳе, ки аз соли 2009 сипарӣ гардид, ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон саршор аз рӯйдоду воқеоти фараҳбахш буд ва аҳли эҷодии мо то ҷои имкон тамошобини дохил ва хориҷи кишварро дар ҷараёни онҳо қарор доданд»,- қайд намуд дар нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Абдурашид Хуҷамқулов. Муассиса дар ин давра корҳои таблиғотиву ташвиқотиро дар самти сазовор истиқбол гирифтани 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии ҶТ ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам ба таври васеъ ба роҳ монда, як қатор барномаҳои илмӣ — адабӣ ва фарҳангию маърифатӣ таҳия ва пешкаши бинандагон намуданд. Ҳамчунин бо тавсияи Шӯрои бадеии Муассисаи филми мустанади «Чароғи ҳидоят» ба навор гирифта шуда, ки рӯзҳои Симпозиуми байналмилалии «Мероси Абӯҳанифа ва аҳмияти дар муколамаи тамаддунҳо» дар эфир пахш гардид. Дар баробари ин чорабинӣ, конфронсу семинарҳои бахшида ба Соли бузургдошти Имоми Аъзам, ки дар ташкилоту муассиса ва корхонаву идораҳо дар ин муддат доир гардиданд, дар гузоришҳои таҳлилии барномаҳои иттилоотиӣ инъикоси саривақтии худро пайдо намуданд. Инчунин, бояд қайд намуд, ки дар тӯли нӯҳ моҳи сипаригардида кормандони идора 18 филми бадеӣ ва 35 филми мустанадро тарҷума ва дубляж карданд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






