МЕҲРИ КАСБ

Октябрь 3, 2009 12:04

                 Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Муаллими забону адабиёти руси мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 15 шаҳри Душанбе Баҳриддин Муҳаммадиев зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки агар муаллим касби худро дӯст дорад ва тамоми дониши худро ба талабагон омӯзад, ин касб барои муаллим ягон душворӣ нахоҳад дошт.                 Б.Муҳаммадиев бештар аз 10 сол боз дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 15 аз забону адабиёти рус дарс медиҳад. Мактаби мазкур барои муаллимони забону адабиёти рус мактаби намунавӣ ба шумор меравад. Онҳо мунтазам дар ин ҷо ҷамъ омада, таҷрибаи муаллимони варзидаро меомӯзанд. Худи Б.Муҳаммадиев паи ҳам солҳои 2007 ва 2008 «Муаллими беҳтарини сол» дониста шуд.                Муаллим нақл мекунад, ки ба ин касби пурифтихор ба туфайли муаллимаи забони русиаш Александра Подвалная меҳр бастааст. Муаллима ашъори А.Пушкин, М.Лермонтов ва В.Маяковскийро хеле пуртаъсир қироат мекард ва мо ҳар як сухани ӯро бодиққат гӯш мекардем. А.Подвалная меҳри касби омӯзгориро дар дили шогирдонаш ҷой кард.                Б.Муҳаммадиев тӯли солҳои фаъолияташ теъдоди зиёди талабагонро ба олимпиадаҳои ноҳиявию шаҳрӣ тайёр намудааст. Шогирдони муаллим дар чунин озмунҳо ҳамеша ҷойҳои аввалро соҳиб мешаванд. Имсол шогирди муаллим Рустам Кенҷаев дар олимпиадаи 7 – уми байналхалқии забону адабиёти руси давлатҳои ИДМ ва Балтика ширкат меварзад, ки дар шаҳри Маскав гузаронида мешавад.                 «Аз ҳама муҳимаш ҳамин аст, ки муаллим бо теъдоди бештари талабагон муносибати хуб дошта бошад. Ман дар фаъолияти худ ҳамин принсипро қатъан риоя мекунам», — гуфт Б.Муҳаммадиев.

Октябрь 3, 2009 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд