«МЕРОСИ АБӮҲАНИФА ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР МУКОЛАМАИ ТАМАДДУНҲО»
Душанбе, 2 октябр. (НИАТ «Ховар»,Фирдавс Таваров)- Имрӯз, 2 октябр, сардори раесати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Назриев роҷеъ ба Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо», ки 5-6 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, бо иштироки хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷии муқими Тоҷикистон брифинг доир намуд. Сардори Раесати иттилооти Вазорати корҳои хориҷӣ дар бораи симпозиуми қарибулвуқӯъ маълумот дода, онро ҳамчун як чорабинии муҳими байналмилалӣ арзебӣ намуд. Номбурда зикр кард, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба соли бузургдошти Имоми Аъзам ва баргузор намудани ин симпозиуми байналмилалӣ дар кишварҳои хориҷӣ ҳамовозӣ ва дастгирии ҷиддӣ пайдо карданд. Хотирнишон гардид, ки мақолаҳои сарвари Тоҷикистон бахшида ба шахсият ва таълимоти Имоми Аъзам дар кишварҳои исломӣ, аз ҷумла, Афғонистон, Миср, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб ба табъ расиданд. Давлаталӣ Назриев хабар дод, ки қариб 500 нафар намояндагони зиеда аз 50 кишвари олам ва Созмони конфронси исломӣ хоҳиши дар кори симпозиум иштирок карданро эълон ва то имрӯз аксари онҳо азми сафари худро ба Тоҷикистон тасдиқ карданд. Таъкид гардид, ки ҳайатҳои нисбатан сершумор аз Россия, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ироқ ва дигар кишварҳои дуру наздик намояндагӣ хоҳанд кард. Давлаталӣ Назриев диққати хабарнигоронро ба чанд боздиде ҷалб намуд, ки дар нимаи аввали моҳи октябр баргузор мегарданд. Ӯ қайд кард, ки рӯзҳои 5-6 октябр боздиди Вазири корҳои хориҷии Швейтсария хонум Мишелин Калми-Рей ва 7-9 октябр боздиди Вазири корҳои хориҷии Дания ҷаноби Пер Стиг Меллер аз Тоҷикистон сурат хоҳанд гирифт. Дар назар дошта шудааст, ки меҳмонони номбурда зимни сафарашон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷии кишвар мулоқот анҷом дода, аз баъзе минтақаҳо ва иншоотҳои ҷумҳурӣ дидан мекунанд. 9-12 октябр бошад боздиди расмии Шоҳзода Оғохони IV дар назар дошта шудааст.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






