МИЛИСАҲОИ ҚОНУНШИКАН
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», А.Ҳаитов). – Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ваколатдори калони шӯъбаи кофтукови ҷиноятии ШКД-и ноҳияи Ҳисор капитани милитсия Ғаффоров Абдураҳим Маҳмадсаидович, 5 майи соли 2009 бо истифода аз ваколатҳои мансабии худ дар утоқи кориаш ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрванд «А»-ро поймол намуда, ӯро таҳти фишору зӯроварӣ қарор додааст. Номбурда шаҳрванд «А» -ро дар содир намудани дуздии мағозаи «Моҳира» гумонбар дониста, ӯро аз соати 10:20 дақиқа то соати 23:45 дақиқа ғайриқонунӣ дар утоқи кориаш боздошт кард ва аз ӯ ба маблағи 2.000 сомонӣ пора талаб карда гирифтааст. Нисбати Ғаффоров А.М аз тарафи Раёсати тафтишотии Агентӣ бо моддаҳои 32 қ.1 ва 316 қ.3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ҳамчунин ба Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе шаҳрванд «Б» муроҷиат кард, ки майори милисаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Набиев Насиб Раҳимович, таҳқиқотчии калони Раёсати таҳқиқотии ВКД ҶТ барои ба Федератсияи Русия равон намудани маълумотнома нисбати он ки, ӯ қаблан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст, ба маблағи 500 доллари ИМА пора талаб кардааст. Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 20 августи соли 2009, соати 17:30 дақиқа дар назди бинои Сирк, хиёбони С.Шерозӣ Набиев Н.Р. ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 400 доллари ИМА аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе вобаста ба ин қазия бо моддаи 319 қ.4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда чораҳои тафтишотӣ дида истодааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






