МИЛИСАҲОИ ҚОНУНШИКАН

Октябрь 14, 2009 16:41

                Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», А.Ҳаитов). – Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ваколатдори калони шӯъбаи кофтукови ҷиноятии ШКД-и ноҳияи Ҳисор капитани милитсия Ғаффоров Абдураҳим Маҳмадсаидович, 5 майи соли 2009 бо истифода аз ваколатҳои мансабии худ дар утоқи кориаш ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрванд «А»-ро поймол намуда, ӯро таҳти фишору зӯроварӣ қарор додааст. Номбурда шаҳрванд «А» -ро дар содир намудани дуздии мағозаи «Моҳира» гумонбар дониста, ӯро аз соати 10:20 дақиқа то соати 23:45 дақиқа ғайриқонунӣ дар утоқи кориаш боздошт кард ва аз ӯ ба маблағи 2.000 сомонӣ пора талаб карда гирифтааст.                Нисбати Ғаффоров А.М аз тарафи Раёсати тафтишотии Агентӣ бо моддаҳои 32 қ.1 ва 316 қ.3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.                  Ҳамчунин ба Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе шаҳрванд «Б» муроҷиат кард, ки майори милисаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Набиев Насиб Раҳимович, таҳқиқотчии калони Раёсати таҳқиқотии ВКД ҶТ барои ба Федератсияи Русия равон намудани маълумотнома нисбати он ки, ӯ қаблан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст, ба маблағи 500 доллари ИМА пора талаб кардааст.               Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 20 августи соли 2009, соати 17:30 дақиқа дар назди бинои Сирк, хиёбони С.Шерозӣ Набиев Н.Р. ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 400 доллари ИМА аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.               Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе вобаста ба ин қазия бо моддаи 319 қ.4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда чораҳои тафтишотӣ дида истодааст.

Октябрь 14, 2009 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид