МОДАР ФАРЗАНДИ ХУДРО КУШТ

Октябрь 29, 2009 15:25

                 Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Панҷакент, шаҳрванди 27 сола Шоира Раҷабова рӯзи 25 октябр муроҷиат намуда буд, ки фарзанди ноболиғаш Фарзона Саидоваи 5 сола бедарак гум шудааст.                  Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, вобаста ба шикояти ҷабрдида кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷакент корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронданд. Дар натиҷа муайян намуданд, ки худи шаҳрванд Ш.Раҷабова бо роҳи буғӣ фарзанди ноболиғи худро ба ҳалокат расонида дар ошхонаи ҳавлии истиқоматиаш гӯронидааст. Ташхиси тибби судӣ низ нишон дод, ки сабаби марги ноболиғ Ф. Саидова буғӣ кардани роҳи нафас мебошад. Оид ба ин фоҷиа прокуратураи шаҳри Панҷакент бо моддаи 104 (қ.2) КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишоташ идома дорад. 

Октябрь 29, 2009 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд