МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ ЗАБОНИ РУСӢ МЕОМӮЗАНД

Октябрь 17, 2009 10:33

                 Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Дар давоми ду соли охир 100 нафар муҳоҷири меҳнатии аз навоҳии Рашт дар доираи Барномаи рушди СММ ва Созмони байналмилалии меҳнат соҳиби ихтисосҳои сохтмонӣ гаштанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ ки 14 октябр дар Душанбе баргузор гардид, қайд карда шуд.Лоиҳаи мазкур барои дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ равона шудааст. Дар доираи барнома муҳоҷирон забони русӣ, ҳунарҳои нави тахассусӣ дар соҳаи сохтмон ва ҳамчунин дарсҳои ҳуқуқӣ гирифтанд,- қайд намуд мудири соҳавии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Ростислав Врбенский.                   Аҳолии ноҳияи Рашт 280 ҳазор одамро ташкил мекунад, ки 80%-и он ба соҳаи кишоварзӣ машғуланд, 42%-ро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки аксарияти онҳо дар давлатҳои ИДМ дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд. Барномаи мазкур ба сокинони ноҳияи Рашт барои дарёфт кардани ҷои кор ва гирифтани маълумоти техникӣ мусоидат кард.                  Дар рафти конфронс қайд карда шуд, ки беш аз 200 нафар оилаҳои муҳоҷирони ноҳияи Тавилдара дар доираи барнома касби занбӯрпарвариро аз худ карданд.                  Намояндаи созмони байналмилалии меҳнат Беате Андрес қайд намуд, ки маблағи умумии барои барномаи «Рушди ҷомеа бо роҳи таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва идораи босамари муҳоҷироти меҳнатӣ» 1 миллиону 65 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, аз ин 360 ҳазор доллари ИМА барои татбиқсозии барнома дар навоҳии Рашт равона карда шудааст.

Октябрь 17, 2009 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст