МУАРРИФИИ КИТОБИ «ТОҶИКОН ДАР РУСИЯ»
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – 17 октябр дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон муаррифии китоби тозанашри журналист Талабшо Холиқзод бо номи «Тоҷикон дар Русия» баргузор гардид. Китоби «Тоҷикон дар Русия» хотираҳои муаллиф дар бораи ҳаёт ва фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Русия мебошад. Муаллифи китоб Талабшо Холиқзод дар давоми 7 сол ба 596 шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия сафар карда ба ҳаёт, шароити кор, маишати рӯзгор ва зиндагии ҳамватанонони муҳоҷир аз наздик шинос шудааст. «Тоҷикон дар Русия» барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






