МУБОРИЗА ШИДДАТ МЕГИРАД
Кобул, 28 октябр. (АМИТ «Ховар» — afganistan.ru). – Номзад ба мақоми президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло барои иштирок карданаш дар даври дуюми интихобот аз ҳукумати Афғонистон талаб кард, ки вазири корҳои дохилӣ Муҳаммад Ҳаниф Атмар, вазири маориф Фарух Вардақ, вазир оид ба сарҳад Асадулло Халид, раиси комиссияи марказии интихоботӣ Азизулло Лудин муваққатан аз кор озод карда шаванд. «Иҷрои ин талабҳо барои гузаронидани интихоботи шаффоф мусоидат хоҳад кард», — қайд кард собиқ вазири корҳои хориҷии Афғонистон Абдулло Абдулло дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии «Ориёно –ТВ». Ҳамчунин собиқ вазир фаъолияти вазоратҳои иттилоот ва фарҳанг, оид ба корҳои дин, молия ва телевизиони миллиро ҳангоми баргузории даври аввали интихоботи президентӣ зери танқид гирифт. Абдулло Абдулло изҳор кард, ки минбаъд ҳамагуна алоқаро бо намояндагони ҳукумати иҷроия ва Комиссияи марказии интихобот пурра қатъ мекунад. «Ман танҳо ба воситаи намояндагии СММ ба алоқа ва муколама баромад хоҳам кард», — гуфт ӯ. Ба қавли депутати собиқи парлумони Афғонистон Ҳоҷи Муҳаққиқ шартҳои пешниҳодкардаи Абдулло Абдулло метавонанд сабабгори барпо нашудани интихоботи такрории президентӣ гардад.








Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад






