МУБОРИЗА ШИДДАТ МЕГИРАД

Октябрь 28, 2009 12:38

                 Кобул, 28 октябр. (АМИТ «Ховар» — afganistan.ru). – Номзад ба мақоми президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло барои иштирок карданаш дар даври дуюми интихобот аз ҳукумати Афғонистон талаб кард, ки вазири корҳои дохилӣ Муҳаммад Ҳаниф Атмар, вазири маориф Фарух Вардақ, вазир оид ба сарҳад Асадулло Халид, раиси комиссияи марказии интихоботӣ Азизулло Лудин муваққатан аз кор озод карда шаванд. «Иҷрои ин талабҳо барои гузаронидани интихоботи шаффоф мусоидат хоҳад кард», — қайд кард собиқ вазири корҳои хориҷии Афғонистон Абдулло Абдулло дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии «Ориёно –ТВ».                 Ҳамчунин собиқ вазир фаъолияти вазоратҳои иттилоот ва фарҳанг, оид ба корҳои дин, молия ва телевизиони миллиро ҳангоми баргузории даври аввали интихоботи президентӣ зери танқид гирифт.                   Абдулло Абдулло изҳор кард, ки минбаъд ҳамагуна алоқаро бо намояндагони ҳукумати иҷроия ва Комиссияи марказии интихобот пурра қатъ мекунад. «Ман танҳо ба воситаи намояндагии СММ ба алоқа ва муколама баромад хоҳам кард», — гуфт ӯ.                  Ба қавли депутати собиқи парлумони Афғонистон Ҳоҷи Муҳаққиқ шартҳои пешниҳодкардаи Абдулло Абдулло метавонанд сабабгори барпо нашудани интихоботи такрории президентӣ гардад. 

Октябрь 28, 2009 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид