МУКОФОТ ДАР ИДИ МЕҲРГОН
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ иди Меҳргон, ки бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 5 –уми август таҳти рақами 538 ба таври расмӣ ба кайд гирифта шудааст, дар радифи ҷашҳои Наврӯз ва Сада, ки таърихи беш аз 2 ҳазорсола доранд, минбаъд ҳар сол 5 – уми октябр таҷлил мегардад. Дар ҷашни Меҳргони соли 2009 дар қатори 12 мукофоти таъсисдодаи Вазорати кишоварзӣ ду мукофот: Сабзавоткори беҳтарин ва Картошкапарвари беҳтаринро ба сардорони хоҷагии деҳқонии «Сафо» — и ноҳияи Рӯдакӣ Абдулҳаким Ҳалимов, ки аз 3 га замини сабзавот 168,8 тонна ва сардори хоҷагии деҳқонии ба номи Холмаҳмад Валиеви ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Валиев Валӣ, ки аз майдони 8 га замини кишти картошка 336 тонна ҳосил бардоштаанд, дода шуд. Ин мукофот минбаъд ҳар сол ба пешқадамони соҳаи кишоварзӣ, ки натиҷаҳои беҳтаринро ба даст меоранд, дода мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






