МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТҲОИ ҲАВОПАЙМОӢ

Октябрь 6, 2009 16:30

                  Душанбе, 6 октябри. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). -Роҳбарияти КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» имрӯз бо намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ мулоқот анҷом дод.                   Дар он масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, таъмини бехатарии парвозҳо, ҳамчунин интиқоли саривақтии бору бағоҷ мавриди баррасӣ қарор гирифт.                    Айни замон фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 19 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 6 ширкати ҳавопаймоии мамолики хориҷаи дур, 10 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои ИДМ ва 3 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ- «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр» ва «Ист Эйр» хизмат мерасонад. Аксари намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз хизматрасонии фурудгоҳи Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон таъкид карданд, ки сатҳи хизматрасониро ба мусофирон метавон тақвият бахшид.                   Чун намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ баробар бо кормандони фурудгоҳ масъулияти хизматрасонӣ ба мусофиринро бар дўш доранд, ҷонибҳо иброз доштанд, ки чунин мулоқотҳоро ҳар сари чанд вақт ташкил кардан лозим аст, то камбудию норасоиҳои ҷойдошта бо кўшишҳои якҷоя бартараф гарданд.

Октябрь 6, 2009 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд