МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТИ ФАРОНСА

Октябрь 20, 2009 09:35

                 Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояҳмедова.) — Дирӯз дар Душанбе вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо намояндаи махсуси президенти Фаронса дар Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Терри Мариани мулоқот анҷом дод.                   Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ – и ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар рафти мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистону Фаронса, таъмини амнияти минтақа, мушкилоти об ва барқ, инчунин вазъияти Афғонистон муҳокима карда шуд.                   Дар рафти мулоқот ногузирии таъмини суботи сиёсӣ ва барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон бо роҳи татбиқ кардани лоиҳаҳои аҳамияти минтақавидошта чунончӣ, сохтмони роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, нерӯгоҳҳои барқи обӣ, сохтмони хатҳои барқгузар ва иншооти обёрикунанда таъкид гардид.                  Терри Мариани қайд кард, ки Тоҷикистон бо назардошти доштани таҷриба дар ҳалли бӯҳрони сиёсӣ, яке аз кишварҳои марказии минтақа дар кори таъмин намудани субот ва амният дар Афғонистон дониста мешавад. 

Октябрь 20, 2009 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд