МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ХОНУМ М. РЕЙ

Октябрь 6, 2009 15:54

                Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Сомони қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии Швейтсария хонум Мишлин Калми Рейро ба ҳузур пазируфт.                 Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва кишварҳои мададрасон баррасӣ шуд.                 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносиботи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: «Тоҷикистон омода аст барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкорӣ бо Швейтсария дар ҳамаи бахшҳо — сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тамоми кӯшиши лозимаро ба харҷ диҳад».                 Хонум Мишлин Калми Рей изҳор дошт, ки «Швейтсария ҳам кишвари болооб мебошад ва омода аст, ки ба Тоҷикистон дар муҳокима ва ҳалли масоили баҳсталаби обӣ дар минтақа кӯмак расонад». Изҳори боварӣ карда шуд, ки Швейтсария соли оянда дар ташкил ва гузарондани Конфронси байналмилалии об дар шаҳри Душанбе ба Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.                 Хонум Мишлин Калми Рей ҳамчунин таъкид дошт, ки Швейтсария фаъолияти худро баҳри намояндагӣ ва пуштибонӣ аз манфиатҳои Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки умумиҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор ва Созмони ҷаҳонии тиҷорат минбаъд низ идома ва густариш хоҳад дод.                  Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанба таъкид намуданд.

Октябрь 6, 2009 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст