МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ИШТИРОКЧИЁНИ СИМПОУЗИМ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯз ҳамчунин намояндагони воломақоми Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон ва минтақаи Қафқоз ва ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистонро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот бо намояндаи воломақоми Арабистони Саудӣ- Дабири кулли созмони байналмилалии ҳифзи Қуръон Абдулло Басфар масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. Абдулло Басфар аз баргузории симпозиуми имрӯза ва нақши Тоҷикистон дар бузургдошти шоистаи Имоми Аъзам арзи хушнудӣ намуда, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон салому паём ва қадрдонии подшоҳи Арабистони Саудиро расонд. Ӯ таъкид дошт, ки симпозиуми байналмилалии Имоми Аъзам майдони хубе шуд, барои муаррифии таълимоти таҳаммулпазирӣ ва дини тарғибгари дӯстию ҳамкорӣ ва гуфтугӯйи миёни тамаддунҳо будани Ислом. Абдулло Басфар иттилоъ дод, ки дар ин сафар ӯро як гурӯҳ соҳибкорону бозаргонони кишвараш низ ҳамроҳӣ мекунанд ва изҳори боварӣ намуд, ки ин симпозиум ҳамчунин оғози хубе мешавад барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе бояд сафорати Арабистони Саудӣ ва як маркази ҳифзи Қуръон кушода шаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари идораи мусулмонони Озарбойҷон ва минтақаи Қафқоз шайхуислом Аллоҳшукур Пошшозода зимни мулоқоти худ аз дӯстию шиносоии беш аз 18 — солаашон ёдовар шуда, сӯҳбати ошкору самимӣ анҷом доданд. Зимни ёдоварӣ аз хидматҳо ва таълимоти Имоми Аъзам таъкид гардид, ки Абӯҳанифа муштаракоти муҳими мазҳабҳои суннию шииро дарёфт намуда, тавонист, ки пайванди миёни онҳоро таъмин созад. Шайхуислом Аллоҳшукур Пошшозода ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини ваҳдати миллӣ ва тарғиби гуфтугӯйи миёни тамаддунҳо баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор дошт: «Ман мушоҳида мекунам, ки Шумо бо халқ астед ва халқ бо Шумо аст ва ман бори нахуст мебинам, ки роҳбари давлат бо чунин самимияти қалбӣ аз манфиати мардуми худ ва мусулмонони ҷаҳон пуштибонӣ намояд». Дар сӯҳбат бо Имом- хатиби вилояти шимолии Қазоқистон Яҳёхоҷа Исмоилов, ки як нафар тоҷики соҳибнуфузи ин кишвар аст, масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳифзи манфиатҳои тоҷикони муқими ин давлат баррасӣ шуд. Яҳёхоҷа Исмоилов иттилоъ дод, ки тадбирҳои сершумори фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба бузургдошти Имоми Аъзам ва ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» дар миёни мардуми Қазоқистон, ба хусус дар воситаҳои ахбори ин кишвар мавриди омӯзишу пайравӣ қарор гирифтаанд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар чаҳорчӯби Соли бузургдошти Имоми Аъзам дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон як мадраса ба номи ин фақеҳу донишманди камназири олами Ислом кушода шудааст. Ҳамин гуна мулоқоти ошкору самимии дигар ҳамчунин миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Муфтии мусулмонони Ҷумҳурии Қирғизистон Мураталӣ Жуманов сурат гирифт. Симпозиуми байналмилалии «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир» пагоҳ кори худро идома мебахшад ва дар назар аст, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони дигар кишварҳо низ мулоқотҳо анҷом медиҳад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






