МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО САФИРИ НАВИ ИМА

Октябрь 2, 2009 11:10

                  Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Ин лаҳзаҳо дар Қасри Президент мулоқоти Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафири нави фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кеннет Гросс давом дорад. Сафири ИМА қабл аз мулоқот ба Президенти Тоҷикистон эътиборнома супорид.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Сардори давлати Тоҷикистон ҳамроҳи Кеннет Гросс вазъи имрӯза ва нақшаҳои ояндаи муносибатҳои Тоҷикистону Амрикоро баррасӣ менамоянд.                 Ёдовар мешавем, ки К.Гросс қабл аз ин муовини сафири фавқулодда ва мухтори ИМА дар Тоҷикистон буда, инчунин дар намояндагии минтақавии ИМА дар шаҳри Басраи Ироқ кор кардааст. Вай ҳамчунин дар намояндагиҳои дипломатии мамлакаташ дар Куала – Лумпур ва Франкфурти лаби Майни Олмон хизмат кардааст. 

Октябрь 2, 2009 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд