МУЛОҚОТИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ ДАР КИШИНЁВ

Октябрь 5, 2009 11:50

                 Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – 9 октябр дар пойтахти Ҷумҳурии Молдавия — шаҳри Кишинёв маҷлиси навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ баргузор мегардад.                  Аз дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар маҷлис тақрибан 20 лоиҳаи ҳуҷҷатҳо мавриди муҳокима қарор дода хоҳад шуд. Ин ҳуҷҷатҳо ба рафъи оқибати бӯҳрони шадиди молиявии ҷаҳонӣ, равнақу ривоҷи ҳамгироии мамлакатҳои ИДМ дар соҳаи гуманитарӣ, дар соҳаи таъмини амният, беҳтар сохтани мақомоти низомномавии ИДМ ва ғайра марбут мебошанд.               Дар маҷлиси сарони давлатҳо инчунин лоиҳаи баъзе ҳуҷҷатҳои марбут ба ҳамкории гуманитарӣ, аз ҷумла Эъломияи дастгирии нашри китоб муҳокима карда мешавад.               Инчунин дар маҷлис масъалаи соли ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ эълон кардани соли 2010 дар мамлакатҳои ИДМ мавриди муҳокима қарор дода хоҳад шуд. 

Октябрь 5, 2009 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид