МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД БО НАМОЯНДАИ БОНКИ ТАРМИМУ ТАҶДИД ВА РУШДИ АВРУПО
Хуҷанд, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода 30 сентябри соли равон бо намояндаи Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо бону Катарина Берлин Хансен мулоқот кард. Зимни сӯҳбат қайд карда шуд, ки Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо қарор додааст, барои тармиму таҷдиди шабакаҳои обрасонии шаҳрҳои Қайроққум, Чкалов, Исфара, Конибодом, Табошар ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 17 миллион доллари ИМА ҷудо кунад. Ҳадафи асосии ин иқдом беҳтар сохтани таъминоти об аз нуқтаи назари техникӣ ва иқтисодӣ, инчунин барқарор сохтани шабакаи обрасонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошад. Қ.Расулзода изҳор намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тайёранд, ба иҷрои барномаи мазкур ҳамаҷониба мусоидат кунанд. Зимни сӯҳбат масъалаҳои дигари вусъати ҳамкории Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо бо вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






